Ҷаримабандии беш аз 600 ронандаи Кӯлоб барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ

Кӯлоб. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ронандагонро барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва ҳамчунин мусофиркашӣ бидуни иҷозатнома ҷаримабандӣ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси додгоҳи шаҳри Кӯлоб Аслам Холов хабар дод, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ 659 нафар ронандагон барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ дар маҷмӯъ ба маблағи 135 […]

Турко Дикаев

Кӯлоб. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ронандагонро барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва ҳамчунин мусофиркашӣ бидуни иҷозатнома ҷаримабандӣ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси додгоҳи шаҳри Кӯлоб Аслам Холов хабар дод, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ 659 нафар ронандагон барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ дар маҷмӯъ ба маблағи 135 ҳазору 400 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд. «Аз ин миқдор маблағ ба фоидаи давлат 125 ҳазор сомонӣ рӯёнида шуда, ба дигарон варақаи иҷро барои пардохт дода шуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, аз рӯйи 16 парвандаи ҷиноӣ бобати пардохти ҷарима дар ҳаҷми 209 ҳазору 125 сомонӣ ба фоидаи давлат қарор қабул гардидааст. «Қаблан таҷрибаҳои ба ин монанд аҳёнан қабул мегардиданд, лекин самаранокии онро метавон аллакай собитшуда шуморид», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.