Коршинос: Дар Кремл бар ин назаранд, ки Тоҷикистон ҳеҷ ҷойи гурез надорад

Душанбе. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик Раҷаби Мирзо дар робита ба ташрифи вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков ва роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин ба Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин боздид аслан ба баррасии масъалаи мақоми марзбонони русиягӣ дар Тоҷикистон бахшида хоҳад шуд. «Фикр мекунам, […]

Парвина Ҳамидова

Душанбе. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик Раҷаби Мирзо дар робита ба ташрифи вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков ва роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин ба Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин боздид аслан ба баррасии масъалаи мақоми марзбонони русиягӣ дар Тоҷикистон бахшида хоҳад шуд.

«Фикр мекунам, ки давраи сеюми гуфтушунидҳо оид ба мақоми марзбонони русиягӣ дар Тоҷикистон барои Русия ба нокомӣ анҷом ёфт ва айни замон Русия хостори таҳкими ҳузури низомии худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст», – мегӯяд ӯ.

Ба ақидаи коршинос, дар Кремл бар ин назаранд, ки дар Тоҷикистон барои он тамоми шароити мусоид, аз ҷумла озод будани фурудгоҳи Айнӣ мавҷуд аст. «Барои Тоҷикистон гутушунидҳо осон нахоҳанд буд, зеро дар Кремл муддати зиёд аст, ки ба интизориҳои Душанбе таваҷҷӯҳ зоҳир намесозанд», – иброз дошт вай.

Мавсуф мегӯяд, дар Кремл кайҳо мӯътақиданд, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон худашон аз онҳо дархости кӯмак мекунанд,  вале барои Русия минтақа муҳим аст. «Дар Кремл бар ин назаранд, ки Тоҷикистон ҳеҷ ҷойи гурез надорад», – мегӯяд ӯ.

Коршинос бар ин назар аст, ки боздиди мансабдорони русиягӣ пас аз ташрифи як қатор мансабдорони Ғарб худ гувоҳи нишонаҳои нахусти нави мавҷи муқобилияти абарқудратҳои ҷаҳонӣ дар минтақа аст, аммо дар Душанбе то ҳол дарк накардаанд, ки бозигарони ин мубориза кайҳо стратегияи худро иваз кардаанд.

«То ҳанӯз дар Тоҷикистон бар ин назаранд, ки метавон аз рӯйи қоидаҳои кӯҳна амал кард. Ислом Каримов дар ин самт бештар муваффақона амал мекунад, зеро то ташрифи президенти Русия ба Ӯзбекистон ӯ ба Чину Ҳиндустон сафар анҷом дод. Ҳукуматдорони мо то ҳанӯз бар ин ақидаанд, ки метавон бо қоидаҳои кӯҳна – Аврупо – ИМА – Эрон амал кард, вале ин аллакай ёрӣ намерасонад ва ҳатто изҳороти роҳандозии ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар бахши низомӣ низ ҳеҷ аҳаммияте надорад, зеро на дар Вашингтону на дар Маскав ба ин бовар надоранд», – афзуд Раҷаби Мирзо. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.