Комиссия аз ҷониби падар латукӯб шудани фарзанди хурдсолро ошкор кард

Date:

Ёвон. 1-уми июл. «Азия-Плюс» – | Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки ноҳияи Ёвон далели аз ҷониби падар бераҳмона латукӯб шудани кӯдаки 6-соларо муаяйн кард.

Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби Комиссияи мазкур Сайлигул Шарифова иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 30-юми июн дар Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак доир гардид. Дар он аз ҷумла масъалаи ба Мактаб-интернати ятимону бепарасторони ш.Душанбе фиристодани ноболиғ У.Х., ки инро падараш Холмурод Н. дархост кардааст, баррасӣ гардид. Сайлигул Шарифова афзуд, ки фарзанди калонии Холмурод Н. ҳам қаблан бо қарори Комиссия ба мактаб-интернат фиристода шуд, зеро оилаи онҳо дар ноҳияи Ёвон ягон хешованде, ки кӯдаконро таҳти парасторӣ бигирад, надоранд.

Зимни муҳокимаи ин масъала мудири кӯдакистони №5-и ноҳияи Ёвон Хосият Саидова, ки ноболиғ У.Х. дар он ҷо тарбият мегирад, изҳор дошт, ки Холмурод Н. нисбат ба писари худ зӯроварии ҷисмонӣ кардааст ва барои ошкор нагардидани ин амалаш, ӯро ба мактаб-интернат супоридан мехоҳад.

Хосият Саидова ба аъзои Комиссия ҳолати баъд аз латукӯби падар дар тахтапушт ва гардану дастони кӯдак мондани изи зарбаҳои тасмаи миёнбандро нишон дод (дар акс – тахтапушти писарбача).

Ин аҳволи ноболиғ У.Х.-ро ба назар гирифта, Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон тавсия дод, ки нисбат ба шаҳрванд Холмурод Н. барои латукӯби фарзанди ноболиғаш парвандаи ҷиноӣ оғоз кунад.

Падари кӯдак зимни баррасии қазия дар ҳузури аъзои Комиссия изҳор дошт, ки фарзандашро барои дурӯғ гуфтанаш ҷазо дод ва ин амали ӯ ба хотири тарбияти кӯдак аст. Холмурод Н. ҳамчунин ба носолимии вазъи рӯҳии худ ишора карда, чунин гуфт: «Агар ҳамсоя омада, кӯдакро халос намекард, шояд зада мекуштамаш. Аз ҳамин сабаб ариза навишта, аз шумо хоҳиш дорам, ки ӯро ба мактаб-интернат фиристед».

– Баъди аз ташхиси тиббӣ гузаронидани ноболиғ У.Х. ва аз ташхиси равонпизишкӣ гузаронидани Холмурод Н. муайян хоҳад шуд, ки нисбат ба падари кӯдаки латукӯбшуда парвандаи ҷиноятӣ кушода шавад ва ё бо тартиби судӣ аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум кардани ӯ баррасӣ гардад, – иброз дошт дар робита ба ин қазия муовини сардори ШКД-и ноҳияи Ёвон Таваралӣ Абдуллоев.

Ин ҳолатро ба «Азия-Плюс» ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» Гулчеҳра Раҳмонова чунин шарҳ дод: «Қабл аз он ки намояндагони мақомоти тафтишотӣ кӯдаки ҷабрдидаро пурсуҷӯ мекунанд, дар навбати аввал бо ӯ бояд равоншинос гуфтугӯ кунад. Ин кӯдак дучори зӯроварии ҷисмонӣ гардидааст ва дастгирии равоншинос барои рафъи таъсири манфии вазъи ногувор ба рӯҳияи ӯ зарур аст».

Коршинос афзуд, ки барои Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак масъалаи дарёфти макони бехатар ва ҷавобгӯи ниёзҳои кӯдаки азиятдида бояд аввалдараҷа бошад. «Кӯдак бояд бо оилаву пайвандонаш дар иртибот бошад. Бинобар ин, пеш аз ба интернат сафарбар кардани кӯдак, бояд масъалаи ба хешовандон супоридани ӯ баррасӣ шавад, агар дар хонаи падар буданаш барои ӯ хатари ҷиддӣ дошта бошад», – таъкид дошт Гулчеҳра Раҳмонова.

Мутахассис бар ин назар аст, ки ба масъулони Комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак доштани донишҳои зарурӣ дар ин соҳа муҳим аст, то ин ки бо назардошти манфиатҳои кӯдак қарори дуруст қабул кунанд ва аз он ба худи ӯ зарар ворид нашавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related