Дар ҷануби Тоҷикистон 47 мактаби динии ғайриқонунӣ ошкор гардид

Тайи соли ахир кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 47 мактаби динии ғайриқонунӣ амалкунанда дар вилояти Хатлонро ошкор сохтанд, ки дар онҳо 400 нафар писарону духтарон таълими динӣ мегирифтанд. Дар ин бора зимни ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон оид ба баррасии масъалаи иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» маълумот дода […]

Сайраҳмон Назриев


Тайи соли ахир кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 47 мактаби динии ғайриқонунӣ амалкунанда дар вилояти Хатлонро ошкор сохтанд, ки дар онҳо 400 нафар писарону духтарон таълими динӣ мегирифтанд. Дар ин бора зимни ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон оид ба баррасии масъалаи иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» маълумот дода шуд.

Муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон Нусратулло Мирзоев қайд кард, ки яке аз сабабҳои дар Тоҷикистон арзи ҳастӣ намудани ҳаракату равияҳое аз қабили «Салафия» ва «Ҷамоати Таблиғ» дониши начандон мукаммали имом-хатибон аст.

«Дониши номукаммали онҳо ба ин ҳаракатҳо имконият дод, ки фаъолияташонро дар қаламрави кишвари мо тақвият бахшанд ва ҳодисаҳои даст доштани имом-хатибон ба фиристодани ҷавонон ба макотиби динии хориҷи кишвар низ ошкор карда шуданд», – гуфт Н.Мирзоев.

Ба гуфтаи ӯ, имом-хатиби деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Вахш Илҳом Норқулов дар манзили шахсии худ ғайриқонунӣ 50 нафар ҷавононро таълимоти динӣ медод ва беҳтаринҳоро интихоб намуда, ба назди шиноси худ – ба ноҳияи Рӯдакӣ мефиристод.

«Пас аз омӯзиш дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷавонон ба макотиби динии хориҷи кишвар фиристода мешуданд. Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ ошкор карда шуд, ки дар деҳаи Корвони ноҳияи Рӯдакӣ дар таҳхонаи яке аз сокинони маҳаллӣ 80 нафар наврасон зиндагиву таълимоти динӣ мегирифтанд, ки 66 нафарашон сокинони вилояти Хатлон буданд», – гуфт вай.

Номбурда иброз дошт, ки ахиран агар 47 чунин мактабҳои динии ғайриқонунӣ бо 400 нафар толибилм ошкор карда намешуданд, шояд 300 нафари онҳо ба мактаби динии хориҷи кишвар равона мегардиданд.

Бино ба маълумоти расмӣ, аз соли 1992 то имрӯз 922 нафар сокинони вилояти Хатлон баҳри таҳсил ба мактабҳои динии хориҷи кишвар рафтаанд. Аз ин шумор 817 нафар ба ватан баргашта, 250 нафарашон муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ва дигар кишварҳои узви ИДМ-ро ихтиёр намудаанд.

Н.Мирзоев мӯътақид аст, ки «агар Додгоҳи Олӣ фаъолияти созмонҳои «Салафия» ва «Ҷамоати Таблиғ»-ро манъ намекард, айни замон мо шоҳиди низоъҳои динӣ мегардидем». «Тамоми гурӯҳҳои ба ин монанд аз хориҷи кишвар таҳти назорат қарор дошта, дар ҳама гуна вақт метавонанд вазъи кишварро ноамн созанд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.