Имсол ҳосили пахта дар Тоҷикистон ба 500 ҳазор тонна хоҳад расид

Date:

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тибқи пешгӯйии олимон, соли равон дар Тоҷикистон метавон на камтар аз 500 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуд. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи улуми кишоварзӣ, доктори илмҳо Саидҷамол Саидов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, агар пешгӯйиҳо тасдиқ шаванд, ин ҳосили рекордии «тиллои сафед» дар замони истиқлолият хоҳад буд. «Тибқи ҳисобҳои мо, соли равон ҳосили пахатаи маҳиннах ба зиёда аз 15 ҳазор тонна расида, ҳосили пахта ба ҳисоби миёна дар минтақаи шимоли кишвар 24-25 сентнер, дар минтақаи ҷануб – 25-26 ва водии Ҳисор беш аз 27 сентнер аз як гектарро ташкил хоҳад дод», – мегӯяд ӯ.

Ҳамин тариқ, ба ҳисоби миёна дар саросари кишвар ҳосилнкокии пахта дар сатҳи 26 сентнер аз як гектар пешбинӣ мегардад.

Ёдрас мекунем, ки соли равон дар Тоҷикистон дар майдони 203 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...