Имсол ҳосили пахта дар Тоҷикистон ба 500 ҳазор тонна хоҳад расид

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тибқи пешгӯйии олимон, соли равон дар Тоҷикистон метавон на камтар аз 500 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуд. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи улуми кишоварзӣ, доктори илмҳо Саидҷамол Саидов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, агар пешгӯйиҳо тасдиқ шаванд, ин ҳосили рекордии […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тибқи пешгӯйии олимон, соли равон дар Тоҷикистон метавон на камтар аз 500 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуд. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи улуми кишоварзӣ, доктори илмҳо Саидҷамол Саидов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, агар пешгӯйиҳо тасдиқ шаванд, ин ҳосили рекордии «тиллои сафед» дар замони истиқлолият хоҳад буд. «Тибқи ҳисобҳои мо, соли равон ҳосили пахатаи маҳиннах ба зиёда аз 15 ҳазор тонна расида, ҳосили пахта ба ҳисоби миёна дар минтақаи шимоли кишвар 24-25 сентнер, дар минтақаи ҷануб – 25-26 ва водии Ҳисор беш аз 27 сентнер аз як гектарро ташкил хоҳад дод», – мегӯяд ӯ.

Ҳамин тариқ, ба ҳисоби миёна дар саросари кишвар ҳосилнкокии пахта дар сатҳи 26 сентнер аз як гектар пешбинӣ мегардад.

Ёдрас мекунем, ки соли равон дар Тоҷикистон дар майдони 203 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд