Сокинони пойтахт бо ҳисобкунакҳои об таъмин мешаванд

Date:

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — Бо назардошти анҷоми муваффақонаи марҳилаи аввали лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ барои татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа изҳори омодагӣ карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, чанде қабл намояндагии Бонки ҷаҳонӣ ба унвони раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев мактуб ирсол намуда, хабар додааст, ки Шӯрои мудирони Ассотсиатсияи байнулмилалӣ оид ба рушд маблағгузорӣ ба марҳилаи дуюми лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанберо маъқул шуморида, баҳри амалисозии он ба сифати бурс 16 млн. доллари ИМА ҷудо кардааст.

Ба қавли Ш.Саидов, ҳиссаи мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин лоиҳа 3 млн. доллари ИМА аст. «Дар ҷараёни амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа 76,5 ҳазор ҳисобкунакҳои об насб карда хоҳанд шуд, ки 47%-и тамоми талаботи шаҳрро ташкил медиҳад», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...