Захираҳои моҳии Сирдарё панҷ баробар коҳиш ёфтанд

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар муқоиса бо соли 1996 феълан захираҳои моҳӣ дар рӯдхонаи Сирдарё ба андозаи панҷ баробар коҳиш ёфтаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи ҳифзи рустанӣ, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Сангинбой Қурбонов хабар дод, соли 1996 захираҳои моҳӣ даор обанбори Қайроққум 500 тоннаро ташкил […]

Бахтиёр Валиев

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар муқоиса бо соли 1996 феълан захираҳои моҳӣ дар рӯдхонаи Сирдарё ба андозаи панҷ баробар коҳиш ёфтаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи ҳифзи рустанӣ, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Сангинбой Қурбонов хабар дод, соли 1996 захираҳои моҳӣ даор обанбори Қайроққум 500 тоннаро ташкил медоданд ва ба ақидаи коршиносон, он феълан ба 100 тонна баробар аст. «Ба камшавии моҳӣ камбуди маблағ, захираҳои маводи ғизоӣ ва як қатор сабабҳои дигар боис гаштанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, ҳамасола дар вилояти Суғд бо мақсади зиёд кардани захираҳои моҳӣ дар давраи тухммонӣ моҳидорӣ манъ карда мешавад ва он соли равон аз 5-уми апрел то 20-уми июн ҷорӣ гардида буд. «Дар ин давра 123 рейдҳои муштараки экологон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо доир гардида, барои қонуншиканӣ 49 аснод ва 30 протокол тартиб дода шуд. «Ҳаҷми зарар 962 сомониро ташкил дода, 60 адад асбоби моҳидориву қаиқ ва беш аз 2 километр тӯри моҳидорӣ мусодира гардид», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар ҳавзаи рӯдхонаи Сирдарё 19 навъи моҳӣ парвариш ёфта, дар қаламрави вилояти корхонаи «Суғдмоҳӣ» амал мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.