Захираҳои моҳии Сирдарё панҷ баробар коҳиш ёфтанд

Date:

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар муқоиса бо соли 1996 феълан захираҳои моҳӣ дар рӯдхонаи Сирдарё ба андозаи панҷ баробар коҳиш ёфтаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи ҳифзи рустанӣ, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Сангинбой Қурбонов хабар дод, соли 1996 захираҳои моҳӣ даор обанбори Қайроққум 500 тоннаро ташкил медоданд ва ба ақидаи коршиносон, он феълан ба 100 тонна баробар аст. «Ба камшавии моҳӣ камбуди маблағ, захираҳои маводи ғизоӣ ва як қатор сабабҳои дигар боис гаштанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, ҳамасола дар вилояти Суғд бо мақсади зиёд кардани захираҳои моҳӣ дар давраи тухммонӣ моҳидорӣ манъ карда мешавад ва он соли равон аз 5-уми апрел то 20-уми июн ҷорӣ гардида буд. «Дар ин давра 123 рейдҳои муштараки экологон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо доир гардида, барои қонуншиканӣ 49 аснод ва 30 протокол тартиб дода шуд. «Ҳаҷми зарар 962 сомониро ташкил дода, 60 адад асбоби моҳидориву қаиқ ва беш аз 2 километр тӯри моҳидорӣ мусодира гардид», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар ҳавзаи рӯдхонаи Сирдарё 19 навъи моҳӣ парвариш ёфта, дар қаламрави вилояти корхонаи «Суғдмоҳӣ» амал мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...