Миёни кишварҳои ИДМ Тоҷикистону Белорус аз ҷиҳати болоравии нарх пешсафанд

Date:

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистону Белорус аз ҷиҳати афзоиши сатҳи таваррум пешсафанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи байнидавлатии омори иттиҳод, дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ нархҳои истеъмолӣ дар Белорус ба андозаи 25,4 ва Тоҷикистон ба миқдори 6,9% боло рафтаанд. Дар Қирғизистон ин нишондиҳанда ба 6,5% баробар аст.

Дар ин давра ҳаҷми болоравии нархҳои истеъмолӣ дар кишварҳои дигари узви ИДМ ба таври зайл аст: Украина – 5,5, Арманистон – 5, Молдова – 4,9 ва Русияву Қазоқистон – 4,8%. Дар Озарбойҷон дар ин давра сатҳи пасттарини тавррум ба қайд гирифта шудааст, ки он ба 3,4% баробар аст. Таври маъмулӣ дар бораи ин нишондиҳандаҳо нисбат ба Ӯзбекистону Туркманистон маълумот дода намешавад.

Дар моҳҳои январ-майи соли равон сатҳи миёнаи таваррум дар кишварҳои узви ИДМ 5,8%-ро ташкил дод. Дар ҳамин давраи соли гузашта афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар кишварҳои узви ИДМ ба ҳисоби миёна ба 3,9% баробар буд.

Оғози соли равон ҳукумати Тоҷикистон нигоҳдории сатҳи таваррум дар бахши истеъмолиро ба андозаи 7% ба нақша гирифта буд. Аммо бо болоравии маблағи боҷи содиротии Русия ба маҳсулоти нафтӣ, арзиши маҳсулоту хизматгузориҳо дар Тоҷикистон боло рафт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...