Шӯрои уламо санаи оғози моҳи шарифи Рамазонро муайян мекунад

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ахирҳои моҳи равон санаи оғози моҳи шарифи Рамазон муайян карда мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода хабар дод, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, моҳи Рамазон 31-уми июл ё 1-уми август шурӯъ мегардад.  «Айни замон бо олимони Донишкадаи астрофизика рӯйи дақиқан муайян кардани оғози моҳи шарифи Рамазон […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ахирҳои моҳи равон санаи оғози моҳи шарифи Рамазон муайян карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода хабар дод, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, моҳи Рамазон 31-уми июл ё 1-уми август шурӯъ мегардад.

 «Айни замон бо олимони Донишкадаи астрофизика рӯйи дақиқан муайян кардани оғози моҳи шарифи Рамазон ҳамкорӣ дорем, зеро он бояд ба қоидаҳои шариат мувофиқа дошта бошад», – таъкид сохт С.Абдуқодирзода.

Соли гузашта моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 11 август оғоз гардида, рӯзи 10-уми сентябр ҷашни Иди Рамазон таҷлил гардид.

Моҳи Рамазон моҳи нӯҳуми Мусулмонон мебошад. Дар ин моҳ ҳамаи мусулмонон аз дамидани субҳ то фурӯ рафтани офтоб аз хӯрдани обу ғизо худдорӣ мекунанд. Дар ин моҳи ҳиҷрии қамарӣ мардуми мусалмони Тоҷикистон мисли дигар мусалмонони ҷаҳон як рукни панҷгонаи исломро ба ҷо меоранд. Моҳи шарифи Рамазонро моҳи раҳмати Худовандӣ, моҳи мағфирати гуноҳҳо ва моҳи наҷотёбӣ аз оташи ҷаҳаннам меноманд.

Дар моҳи шарифи Рамазон мардум бештар ба корҳои хайру эҳсон, дастӣ ёрӣ дароз намудан ба дармондагону мӯҳтоҷон ва дигар корҳои нек машғул мешаванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд