Шӯрои уламо санаи оғози моҳи шарифи Рамазонро муайян мекунад

Date:

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ахирҳои моҳи равон санаи оғози моҳи шарифи Рамазон муайян карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода хабар дод, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, моҳи Рамазон 31-уми июл ё 1-уми август шурӯъ мегардад.

 «Айни замон бо олимони Донишкадаи астрофизика рӯйи дақиқан муайян кардани оғози моҳи шарифи Рамазон ҳамкорӣ дорем, зеро он бояд ба қоидаҳои шариат мувофиқа дошта бошад», – таъкид сохт С.Абдуқодирзода.

Соли гузашта моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 11 август оғоз гардида, рӯзи 10-уми сентябр ҷашни Иди Рамазон таҷлил гардид.

Моҳи Рамазон моҳи нӯҳуми Мусулмонон мебошад. Дар ин моҳ ҳамаи мусулмонон аз дамидани субҳ то фурӯ рафтани офтоб аз хӯрдани обу ғизо худдорӣ мекунанд. Дар ин моҳи ҳиҷрии қамарӣ мардуми мусалмони Тоҷикистон мисли дигар мусалмонони ҷаҳон як рукни панҷгонаи исломро ба ҷо меоранд. Моҳи шарифи Рамазонро моҳи раҳмати Худовандӣ, моҳи мағфирати гуноҳҳо ва моҳи наҷотёбӣ аз оташи ҷаҳаннам меноманд.

Дар моҳи шарифи Рамазон мардум бештар ба корҳои хайру эҳсон, дастӣ ёрӣ дароз намудан ба дармондагону мӯҳтоҷон ва дигар корҳои нек машғул мешаванд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...