СММ ба инқилоби «сабз» даъват мекунад

Date:

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар «Гузориши вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон дар соли 2011», ки ба вакилони иҷлосияи Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева пешниҳод гардид, зикр мегардад, ки ба инсоният инқилоби бузурги техникии «сабз» зарур аст, то ки аз оқибатҳои фалокатбори тағйирёбии иқлим ва таназзули экологӣ эмин бимонад.

Муаллифони таҳқиқот навиштаанд, бидуни табаддулоти қотеъона дар техникаи монанд ба инқилоби аввали саноатӣ, бартараф сохтани қашшоқиву гуруснагӣ дар ҷаҳон муяссар нахоҳад шуд. Коршиносон ба сармоягузории бузург ба технологияҳои экологии тозаи энергетикӣ, истифодаи тарзҳои устувори фаъолият дар бахши кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, ташкили зербинои ба иқлим тобовар даъват мекунанд.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, зимни пешниҳоди гузориш хотиррасон шудааст, ки соли 2050 аҳолии сайёра 2 млрд. нафар бештар мегардад ва ба онҳо дастрасӣ ба энергия ва ғизо зарур аст. «Аз ин рӯ, ба таҳия ва истифодаи технологияҳои энергетикии дорои хусусияти устувор мебояд суръат бахшид», – омадааст дар гузориш.

Ин ҷо сухан сари ба роҳ мондани истеҳсоли автомобилҳои аз ҷиҳати энегетикӣ пурсамар, компютерҳо, таҷҳизоти гармидеҳ ва ғайра меравад, ки дар онҳо аз энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода хоҳад шуд. «Бо назардошти суръати тағйирёбии иқлим, барои расидан ба ин ҳадафҳо се ё чор даҳсола мӯҳлат мондааст», – гуфта мешавад дар гузориш.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...