Вохӯрии сафирони ИДМ дар сафорати Тоҷикистон дар Белгия

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Брюссели Шоҳигарии Белгия вохӯрии Сафирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Белгия, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО баргузор шуд.  Тавре аз департаменти иттилооти ВАзорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти вохӯрӣ Сафири Тоҷикистон Рустамҷон Солиев, чун намояндаи кишвари раискунандаи ИДМ, дар бобати […]

Asia-Plus

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Брюссели Шоҳигарии Белгия вохӯрии Сафирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Белгия, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО баргузор шуд.

 Тавре аз департаменти иттилооти ВАзорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти вохӯрӣ Сафири Тоҷикистон Рустамҷон Солиев, чун намояндаи кишвари раискунандаи ИДМ, дар бобати омодагии Тоҷикистон барои гузарондани вохӯрии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 5-уми сентябри соли равон дар ш. Душанбе маълумот пешкаш намуд.

 Ҳамзамон зимни вохӯрӣ ӯ дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар 20 соли истиқлолияти давлати дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоди, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маориф, барномаҳои созандагии кишвар, татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ сухан ронда, ҳамчунин дар бораи натиҷаи мусбии сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шӯрои Аврупо ва Парлумони Аврупо, Австрия, Герсогии Бузурги Люксембург, Маҷористон ва Бонки сармоягузории Аврупо ахбороти муфассал пешниҳод намуд.

 Дар баромадҳои худ Сафирони кишварҳои Иттиходи Давлатҳои Мустақил ба дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ва сафари расмии Сарвари давлати тоҷикон ба Аврупо баҳои баланд доданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд