Тасмими саҳҳомони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» бобати алҳол напардохтани ҳаққи саҳм

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи сипаришуда маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкат хабар доданд, дар маҷлис саҳҳомон ҳисоботи солона ва баҳисобгирии муҳосибиро аз рӯйи натиҷаҳои соли 2010 тасдиқ кардаанд. Зимни баррасии масъалаи тақсими даромаду хароҷот барои соли 2010 саҳҳомон тасмим […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи сипаришуда маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкат хабар доданд, дар маҷлис саҳҳомон ҳисоботи солона ва баҳисобгирии муҳосибиро аз рӯйи натиҷаҳои соли 2010 тасдиқ кардаанд. Зимни баррасии масъалаи тақсими даромаду хароҷот барои соли 2010 саҳҳомон тасмим гирифтанд, ки алҳол ҳаққи саҳм (дивиденд) пардохта нашавад.

Дар маҷлиси солона Шӯрои мудирон ва комиссияи тафтишотии ширкат интихоб карда шуд.

Тибқи натоиҷи овоздиҳӣ ба ҳайати Шӯрои мудирон роҳбари дивизиони ҷуғрофии «Осиёи Мараказӣ ҶСК «ИНТЕР РАО ЕЭС» Дмитрий Волков, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ, узви раёсат – роҳбари бахши стратагия ва сармоягузории ҶСК «ИНТЕР РАО ЕЭС» Илнор Мирсияпов, узви раёсат – мудири молиявии ҶСК «ИНТЕР РАО ЕЭС» Дмитрий Палунин, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов, муовини аввали мудири кулли ҶСК «Консерн Росэнергоатом» Эдуард Смелов, муовини раиси раёсат – роҳбари бахши сохтмони асосӣ ва инжиниринги ҶСК «ИНТЕР РАО ЕЭС» Юрий Шаров шомил шуданд.

Ба ҳайати комиссияи тафтишотӣ аз ҷониби Русия Александр Абрамков, Алексей Громадзкий, Михаил Кузменко ва аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон Саидалӣ Ахтамов аъзо гардиданд.

Ба сифати аудитори ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» дар соли 2011 ширкати ҶДММ «Тоҷик Аудит Сервис» интихоб шуд.

Иштирокчиёни маҷлис Владимир Беловро якдилона директори генералии ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» интихоб намуданд.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд