Дар Суғд қимати роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ боз боло рафт

Хуҷанд. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли ҷорӣ дар вилояти Суғд арзиши роҳкиро бори дуввум аст, ки рӯ ба афзоиш мениҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори генералии Филиали Иттиҳодияи нақлиёти мусофиркаши ҶТ дар вилояти Суғд Абдуҷалил Бобоҷонов хабар дод, шурӯъ аз 7-уми июли соли равон мутобиқи фармони вазири нақлиёти ҷумҳурӣ қимати роҳкиро дар нақлиёти […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли ҷорӣ дар вилояти Суғд арзиши роҳкиро бори дуввум аст, ки рӯ ба афзоиш мениҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори генералии Филиали Иттиҳодияи нақлиёти мусофиркаши ҶТ дар вилояти Суғд Абдуҷалил Бобоҷонов хабар дод, шурӯъ аз 7-уми июли соли равон мутобиқи фармони вазири нақлиёти ҷумҳурӣ қимати роҳкиро дар нақлиёти дохилишаҳрӣ – 10% ва наздишаҳриву байнишаҳрӣ ба ҳисоби миёна – 13-15% афзуд. «Ҳамин тариқ, сарфи назар аз навъи истифодаи сӯзишворӣ, дар шаҳри Хуҷанд қимати роҳкиро дар автобусҳои хурди мусофиркаш (маршруткаҳо) 1 сомониро ташкил дода, арзиши роҳкиро дар чунин навъи нақлиёт дар шаҳри Чкаловск ба 90 дирам ва Исфара – 1 сомонӣ баробар шуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли манбаъ, бо иштироки мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони хадамоти зиддиинҳисорӣ тарофаҳои арзиши роҳкиро дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ таҷдиди назар хоҳад шуд. «Ин нархҳо бо иҷозати идораи зиддиинҳисории вилояти Суғд ҷорӣ карда шудаанд», – афзуд номбурда.

Қимати роҳкиро дар автобусҳои мусофиркши байнишаҳрии вилоти Суғд то ҳанӯз чун пештара боқӣ монданд. Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли ҷорӣ арзиши роҳкиро дар автобусҳои мусофиркаши Хуҷанд-Табошар аз 3,5 то 4 сомонӣ, Хуҷанд-Адрасмон, Хуҷанд-Зафаробод  аз 6 то 7 сомонӣ ва Хуҷанд-Шаҳристон аз 9 то 10 сомонӣ афзуда буд.

Ёдрас мекунем, ки Иттиҳодияи мазкур соли 2010 ба фаъолият оғоз намуда, ба он 42 корхонаҳои машғул ба ҳамлу нақли мусофирон шомил мебошанд. Ба тавозуни иттиҳодия 13 вокзалу истгоҳҳо, 168 автобус, 3468 микроавтобу ва 213 таксиҳо дохил мешаванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.