Вазири молияи ҷумҳурӣ ва диломати швейтсарӣ масоили ҳамкориро баррасӣ карданд

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Вазорати молияи кишвар вохӯрии вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва сафири Конфедератсияи Швейцария дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар шаҳри Остона) Стефан Неллен баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи Вазорати молия хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот перомуни масоили дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши фаъолияти молиявиву бонкдорӣ табодули афкор […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Вазорати молияи кишвар вохӯрии вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва сафири Конфедератсияи Швейцария дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар шаҳри Остона) Стефан Неллен баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи Вазорати молия хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот перомуни масоили дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши фаъолияти молиявиву бонкдорӣ табодули афкор сурат гирифта, ҳамзамон масъалаҳои рушди муносибатҳо дар бахши гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ ва соҳаи иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «Ҷонибҳо ба масъалаи фаъолияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуданд», – гуфтанд дар котиботи вазорат.

Ба иттилои манбаъ, вазири молияи Тоҷикистон таъкид сохтааст, ки дар тамоми муддати роҳандозии ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария, бахусус дар қисмати баргузории ислоҳот дар бахшҳои гуногуни фаъолият комёбиҳо ба даст оварда шудаааст. «Ман ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба боварӣ дорам», – афзудааст С.Наҷмиддинов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.