Дар панҷ ноҳияи Суғд омодасозии ғизо дар оташдонҳои офтобиро омӯхтанд

Хуҷанд. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар доираи амалисозии лоиҳа оид ба идоракунии пурсамари захираҳои маҳаллии созмони ҷамъиятии «Агентии дастгирии равандҳои рушди Нов», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ мешавад, сокинони панҷ ноҳияи вилояти Суғд истифодаи оташдонҳои офтобӣ барои омодасозии ғизоро омӯхтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди созмони мазкур Икром Бобоев хабар дод, соли равон […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар доираи амалисозии лоиҳа оид ба идоракунии пурсамари захираҳои маҳаллии созмони ҷамъиятии «Агентии дастгирии равандҳои рушди Нов», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ мешавад, сокинони панҷ ноҳияи вилояти Суғд истифодаи оташдонҳои офтобӣ барои омодасозии ғизоро омӯхтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди созмони мазкур Икром Бобоев хабар дод, соли равон дар беморхона, бунгоҳи тиббӣ, кӯдакистон ва хоҷагиҳои деҳқонии панҷ ҷамоатҳои ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Ғончӣ 39 адад оташдонҳову батареяҳои офтобӣ ва гелиоколлекторҳо  насб гардида, ҳангоми мавҷуд будани нури мустақими офтоб, батареяҳо ҳамчун манбаи барқ, гелиоколлекторҳо барои гарм кардани об ва оташдонҳо барои омодасозии ғизо истифода мешаванд.

Ба қавли И.Бобоев, дар Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди 300 рӯзҳои офтобӣ мавҷуд аст ва ин таҷҳизот имкон фароҳам месозад, ки қариб муддати тамоми сол аҳолӣ аз нерӯи барқу газ ва ангишт танқисӣ надошта бошад. «Барои ҳамеша дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани дастгоҳу таҷҳизоти мазкур дар ҷамоатҳо кумитаҳо оид ба энергетика таъсис дода шудаанд, ки ба ҳайати он мутахассисони корозмудаи бахши энергетика ҷалб шуда, онҳо курсҳои махсуси омӯзиширо хатм карданд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.