Дастгирии сафари ҳаҷҷи ду нафар зоирин аз ҳисоби соҳибкорони Кӯлоб

Date:

Кӯлоб. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон аз минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳудуди 120 нафар ба зиёрати Хонаи Худо ба Маккаи муқаддас сафар мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси шӯъбаи корҳо оид ба дини маъмурияти Кӯлоб Холмирзо Қаландаров хабар дод, соли равон то ҳанӯз квотаи мушаххас ба онҳо нарасидааст, вале шӯъба бо назардошти квотаи соли гузашта, ки ба 118 ҷой баробар буд, амал мекунад.

Ба қавли ӯ, қабули ҳуҷҷатҳо аз хоҳишмандони сафари ҳаҷ ба ҷуз рӯзи якшанбе, ҳамарӯза ба роҳ монда шуда, то имрӯз ба шӯъба 95 нафар дар ин хусус муроҷиат кардааст ва қабули ҳуҷҷатҳо то 15-уми августи соли равон идома хоҳад ёфт.

Х.Қаландаров мегӯяд, соли равон ду нафар соҳибкорони Кӯлоб тасмим гирифтаанд, ки маблағи сафари ҳаҷҷи ду нафар пиронсолонро аз ҳисоби худ пардохт намоянд.

Номбурда афзуд, айни замон ҳамчунин масъалаи ба роҳ мондани хатсайри ҳавоии мустақими Кӯлоб-Ҷидда низ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад, ки мушкилоти зиёди зоирини минтақаро ҳал хоҳад кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...