Дастгирии сафари ҳаҷҷи ду нафар зоирин аз ҳисоби соҳибкорони Кӯлоб

Кӯлоб. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон аз минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳудуди 120 нафар ба зиёрати Хонаи Худо ба Маккаи муқаддас сафар мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси шӯъбаи корҳо оид ба дини маъмурияти Кӯлоб Холмирзо Қаландаров хабар дод, соли равон то ҳанӯз квотаи мушаххас ба онҳо нарасидааст, вале шӯъба бо назардошти квотаи […]

Турко Дикаев

Кӯлоб. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон аз минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳудуди 120 нафар ба зиёрати Хонаи Худо ба Маккаи муқаддас сафар мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси шӯъбаи корҳо оид ба дини маъмурияти Кӯлоб Холмирзо Қаландаров хабар дод, соли равон то ҳанӯз квотаи мушаххас ба онҳо нарасидааст, вале шӯъба бо назардошти квотаи соли гузашта, ки ба 118 ҷой баробар буд, амал мекунад.

Ба қавли ӯ, қабули ҳуҷҷатҳо аз хоҳишмандони сафари ҳаҷ ба ҷуз рӯзи якшанбе, ҳамарӯза ба роҳ монда шуда, то имрӯз ба шӯъба 95 нафар дар ин хусус муроҷиат кардааст ва қабули ҳуҷҷатҳо то 15-уми августи соли равон идома хоҳад ёфт.

Х.Қаландаров мегӯяд, соли равон ду нафар соҳибкорони Кӯлоб тасмим гирифтаанд, ки маблағи сафари ҳаҷҷи ду нафар пиронсолонро аз ҳисоби худ пардохт намоянд.

Номбурда афзуд, айни замон ҳамчунин масъалаи ба роҳ мондани хатсайри ҳавоии мустақими Кӯлоб-Ҷидда низ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад, ки мушкилоти зиёди зоирини минтақаро ҳал хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.