Хуҷанд: Боздошти омӯзгори донишгоҳ ҳангоми ришваситонӣ

Хуҷанд. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати шаҳри Хуҷанд ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд, – хабар доданд ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд. «Муайян карда шуд, ки омӯзгори мактаби олии мазкур Ф.Х. бо роҳи тамаъҷӯйӣ аз сокини шаҳри Истаравшан барои дохил шудан ба донишгоҳ ба сифати пора 800 доллари […]

Мавлуда Рафиева

Хуҷанд. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати шаҳри Хуҷанд ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд, – хабар доданд ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд.

«Муайян карда шуд, ки омӯзгори мактаби олии мазкур Ф.Х. бо роҳи тамаъҷӯйӣ аз сокини шаҳри Истаравшан барои дохил шудан ба донишгоҳ ба сифати пора 800 доллари ИМА талаб кардааст», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои сарчашма, омӯзгор ҳангоми гирифтани пора бо далели шайъӣ боздошт шудааст. «Далели шайъӣ – 800 доллари ИМА мусодира гардида, тафтишот идома дорад», – изҳор дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки мақомоти додситонии вилояти Суғд аз рӯйи ин далел нисбат ба Ф.Х. мутобиқи қ.2-и моддаи 324-и КҶ ҶТ (Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Бино ба маълумоти мақомоти додситонӣ, дар зарфи 6 моҳи соли равон кормандони мақомоти мазкур 15 ҳодисаи ришваситонӣ аз ҷониби шахсони мансабдорро дар вилояти Суғд ошкор сохтаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.