Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар рӯзҳои наздик Вазорати фарҳанг ва иттилооти Мамлакати Арабистони Саудӣ қарор қабул кардааст, то ба китобхонаи нави миллии Тоҷикистон китоб тақдим намояд.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корхои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, китобҳо аз 650 номгуй ва зиёда аз 1000 нусха иборат буда, ба унвони Сафорати Мамлакати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ё мамурияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон то ҷашнгирии 20-cолагии Истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон хоҳанд расид.
Ҳамчунин, намояндаи Вазорати мазкур оид ба қисман таъмин намудани китобхона бо таҷҳизоти компютерӣ ва техникаи маълумотии дигар ақида пешниҳод намудааст, ки ин таҷҳизотҳоро аз бозорҳои Душанбе харида, ба китобхона тақдим карда хоҳанд шуд.


