Воҳидҳои Вазорати хоҷагии оби Хатлон ҳамагӣ 6,6%-и маблағи истифодаи барқро пардохтанд

Душанбе 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба корхонаву ташкилотҳои Вазорати хоҷагии оби вилояти Хатлон ба сурати умум ба маблағи 1 млн. 127 ҳазор сомонӣ нерӯи барқ интиқол дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи минтақаи Куоби вилоят Мирзо Исмоилов хабар дод, дар ин давра маблағи […]

Турко Дикаев

Душанбе 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба корхонаву ташкилотҳои Вазорати хоҷагии оби вилояти Хатлон ба сурати умум ба маблағи 1 млн. 127 ҳазор сомонӣ нерӯи барқ интиқол дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи минтақаи Куоби вилоят Мирзо Исмоилов хабар дод, дар ин давра маблағи пардохти истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби ин корхонаҳо бошад, ҳамагӣ 6,6% ё худ 74,5 ҳазор сомниро ташкил додааст.

Ба қавли ӯ, воҳидҳои Вазорати хоҷагии оби вилояти Хатлон ҳатто маблағҳои тавассути ҳалномаи додгоҳи иқтисодӣ муқарраршударо пардохт намекунанд ва муддати се сол аст, ки 3 млн. сомонии бо қарори додгоҳ ба фоидаи ташкилот рӯёнида шуданаш муайяншуда пардохт намегардад. «Дар мавсими обёрӣ ба энергетикҳо аз идораҳои ҳукуматӣ ба таври ихтиёриву маҷбурӣ супориш дода мешавад, ки ба пойгоҳҳои обкашӣ нерӯи барқ интиқол дода шавад ва воҳидҳои Вазорати хоҷагии оби вилоят аз ин ба хубӣ истифода мебаранд», – мегӯяд вай.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳаҷми қарзи умумии корхонаву ташкилотҳои Вазорати хоҷагии оби вилоят дар назди энергетикҳо ба 12 млн. сомонӣ баробар аст. «Маблағи боқимондаи қарз аз солҳои пешин ва қарзи аҳолӣ низ ҳамин миқдорро ташкил медиҳад», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.