Мусодираи ҳудуди 2 кило героин дар Душанбе

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Кормандони раёсати фаврии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон зимни як амалиёти муваффақона дар шаҳри Душанбе 2 кило маводи мухаддири сахттаъсири героинро мусодира карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, дар қаламрави корхонаи «Ширин»-и пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини […]

Asia-Plus

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Кормандони раёсати фаврии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон зимни як амалиёти муваффақона дар шаҳри Душанбе 2 кило маводи мухаддири сахттаъсири героинро мусодира карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, дар қаламрави корхонаи «Ширин»-и пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 30-солаи ноҳияи Қумсангир боздошт шуда, ҳангоми кофтукови шахсии ӯ 2 кило маводи нашъаовари героин дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимни бозпурсиҳои аввал маълум шудааст, ки боздоштшуда қаблан ба фурӯши меваю сабзавот дар бозори пойтахт машғул буда, сипас бо як шаҳрванди Афғонистон шинос мешавад. Баҳри ба даст овардани пули муфт аз шаҳрванди Афғонистон як миқдор героин харида, ба Русия раҳсипор мешавад. Дар Русия ӯ дар бораи бо нархи баланд фурӯхтани маводи дар Душанбе пинҳонкардаашро бо харидор гапзанон карда, ба Душанбе бармегардад. Ӯ ният дошт, ки маводи дар махфигоҳ пинҳонкардаашро рӯзи 14-уми июл тавассути ҳавопаймо ба Русия интиқол диҳад, вале ба дасти кормандони агентӣ афтод.

Айни замон ҷиҳати муайян кардани афроди дигари дар ин ҷиноят дастдошта тадбирҳо андешида шуда, дар шӯъбаи тафтишотии агентӣ нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 200, қ.4-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 6 моҳи соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз ним тонна маводи мухаддирро мусодира карданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 40% зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.