Афзоиши ду баробари ҳодисаҳои тақаллубкорӣ дар истифодаи замин

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон аз рӯйи далели фурӯш ё тақсимоти ғайриқонунии қитъаҳои замин ду баробар зиёдтар парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд. Раиси Додгоҳи олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев дар ҷамъи рӯзноманигорон дар робита ба ин масъала гуфт, дар зарфи шаш моҳи […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон аз рӯйи далели фурӯш ё тақсимоти ғайриқонунии қитъаҳои замин ду баробар зиёдтар парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.

Раиси Додгоҳи олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев дар ҷамъи рӯзноманигорон дар робита ба ин масъала гуфт, дар зарфи шаш моҳи соли равон аз рӯйи далелҳои дар боло зикршуда нисбат ба 76 нафар шахсон 66 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли соли гузашта дар ин хусус нисбати 34 нафар 34 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

«Рақамҳои боло гувоҳи онанд, ки дар самти пешгирии далелҳои ғайриқонунии фурӯш ва тақсимоти замин мақомоти дахлдори кишвар ба корҳо тақвият бахшидаанд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Додгоҳи Олӣ аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ 1 ҳазору 352 арзу шикоят ворид шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар бештар аст.

«Афзоиши шумори арзу шикояти шаҳрвандон ба Додгоҳи Олиро ман ба баланд гардидани сатҳи дониши ҳуқуқии тоҷикистониён марбут медонам», – мегӯяд Н.Абдуллоев. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.