Ҷаласаи сайёри Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии нашъамандӣ дар Хуҷанд

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи сайёри Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии нашъамандӣ ва суистеъмоли маводи мухаддир доир гардид, ки дар кори он раиси Шӯрои ҳамоҳангсоз, муовини нахуствазири кишвар Руқия Қурбонова иштирок кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи сайёри Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии нашъамандӣ ва суистеъмоли маводи мухаддир доир гардид, ки дар кори он раиси Шӯрои ҳамоҳангсоз, муовини нахуствазири кишвар Руқия Қурбонова иштирок кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа инчунин намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, фарҳанг, молия ва Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизиону радио ва кор бо занону оила низ ширкат варзиданд.

«Дар қатори мушкилоти мавҷудаи пешгирии нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ дар ҷаласа инчунин масъалаи ҷараёни иҷрои Барномаи ягонаи давлатии ҳадафнок оид ба пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» низ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт», – гуфтанд дар агентӣ.

Ёдрас мекунем, ки Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии нашъамандӣ бо фармони президенти ҶТ аз 3-юми апрели соли 2004 таъсис дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.