Тӯҳфаи Вазорати энегертика ба Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун тӯҳфа 5 ҳазор нусха китоб тақдим кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, ин китобҳо аз ҷониби кормандони вазорат ҷамъоварӣ шуда, вазири энергетика Гул Шералӣ онҳоро ба китобхона тақдим намуд. Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун тӯҳфа 5 ҳазор нусха китоб тақдим кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, ин китобҳо аз ҷониби кормандони вазорат ҷамъоварӣ шуда, вазири энергетика Гул Шералӣ онҳоро ба китобхона тақдим намуд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли равон ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ бинои нави Китобхонаи миллӣ ба истифода дода мешавад. Баҳри сохтмони он аз бюҷети кишвар ҳудуди 40 млн. доллари ИМА ҷудо гардид.

Интизорӣ меравад, ки хазинаи китобхона аз 20 млн. нусха нашрияҳои ватаниву хориҷӣ иборат хоҳад буд. Айни замон вазорату идораҳои кишвар баҳри ҷамъоварии китоб ва ғанӣ гардонидани хазинаи китобхона миёни кормандони худ маъракаҳои таблиғотӣ доир месозанд. Аз баргузории маъракаи мазкур ҳамчунин як зумра зиёиён ва шаҳрвандони қатории кишвар низ пуштибонӣ карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.