Соли равон аз ҷониби Додгоҳи Олӣ 5 ҳукми «ҳабси абад» содир гардид

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев изҳор кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ нисбати панҷ нафар ҳукми ҳабси абад содир карда шуд, ки дар ҷиноятҳои махсусан вазнин даст доранд. «Айни замон ҳамаи ҳалномаҳои додгоҳии дар ин бобат содиршуда ҳукми қонунӣ […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев изҳор кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ нисбати панҷ нафар ҳукми ҳабси абад содир карда шуд, ки дар ҷиноятҳои махсусан вазнин даст доранд. «Айни замон ҳамаи ҳалномаҳои додгоҳии дар ин бобат содиршуда ҳукми қонунӣ гирифтаанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли вай, чор нафари ба ҳабси абад маҳкумшуда маҳбусоне мебошанд, ки соли гузашта аз тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фирор намуда буданд. Нафари панҷуми ба ҳабси абад маҳкумшуда бо исми Мерганов низ як ҷинояткори гузарову ашаддӣ аст.

«Маҳбусони фирорӣ – Иброҳим Насриддинов, Ғайбулло Азизов, Толибшо Наимов ва Саидислом Хоҷаев қаблан барои содир намудани ҷиноёти махсусан вазнин ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуда буданд ва дар давраи дар гурез буданашон ҳам ба ҷиноятҳои зиёде аз қабили куштор, ғоратгарӣ, ғайриқонунӣ гаравгон гирифтан ва соҳиби силоҳ шудан ва ғайра даст заданд. Аз ин рӯ, додгоҳ тасмим гирифт, ки онҳоро ба ҳабси абад маҳкум намояд», – гуфт Н.Абдуллоев.

Ҳамчунин дар робита ба ин масъала ӯ изҳор кард, ки барои пинҳон кардани маҳбусони фирорӣ дар хонаҳои худ ва ба мақомот хабар надодани макони будубоши онҳо чаҳор нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба мӯҳлатҳои гуногуни мҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанд.

Дар посух ба суоли хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар бораи сабабҳои изҳори норозигии мардум ба ҳукми додгоҳи ВМКБ дар моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ, раиси Додгоҳи Олӣ зикр кард, ки «айни замон аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад». «То анҷоми корҳои тафтишотӣ ман дар ин хусус чизе гуфта наметавонам, вале метавонам изҳор кунам, ки имрӯз дар низоми додгоҳии ҷумҳурӣ додрасҳои ришваситон умуман мавҷуд нестанд», – иброз дошт вай.

Дар робита ба масъалаи мурофиаи додгоҳии писари собиқ додситони кулл Бобоҷон Бобохонов – собиқ додситони ноҳияи Ҳисор Файзулло Бобохонов, Н.Абдуллоев қайд кард, ки айни замон мурофиаи мазкур идома дорад ва ӯ аз шарҳи ҷузъиёти он худдорӣ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.