БРАО: Соли 2011 афзоиши ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон 6,1% хоҳад буд

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли 2011 афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил метавонад 4,5% ва дар соли 2012 – 4,53%-ро ташкил диҳад, – гуфта мешавад дар макромониторинги рӯзи 18-уми июл интишоршудаи Бонки рушди Авруосиё (БРАО). Тибқи пешгӯии БРАО, соли 2011 афзоиши ҳаҷми ММД дар Тоҷикистон – 6,1, […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли 2011 афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил метавонад 4,5% ва дар соли 2012 – 4,53%-ро ташкил диҳад, – гуфта мешавад дар макромониторинги рӯзи 18-уми июл интишоршудаи Бонки рушди Авруосиё (БРАО).

Тибқи пешгӯии БРАО, соли 2011 афзоиши ҳаҷми ММД дар Тоҷикистон – 6,1, Туркманистон – 9,3, Ӯзбекистон – 7,8, Қазоқистон – 5,9, Қирғизистон – 5,7, Русияву Украина – 4,5, Озарбойҷон – 3,9, Молдова – 4,1 ва Арманистон – 4,3%-ро ташкил хоҳад дод.

Дар санади БРАО зикр мегардад, ки «дар Белорус бинобар бӯҳрони мавҷуда пешгӯии рушди минбаъади иқтисод мушкил аст».

Дар мониторинг гуфта мешавад, айни замон ба иллати заъиф гардидани рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, бахусус Чин, ки маънои коҳиши талабот ба ашёи хомро дорад, дар рушди муназзами иқтисоди кишварҳои минтақа мушкилоту монеъаҳо боқӣ мемонанд. Ғайр аз ин, ҳарчанд барқарор шудани иқтисоди кишварҳои минтақа ба мушоҳида расад ҳам, вале он то ҳанӯз касри буҷаи давлатӣ ва афзоиши қарзҳоро бартараф насохтааст. Ва ахиран афзоиши қимати маводи ғизоӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва барзиёд будани пули нақд дар гардиш таваррумро ба мушкилоти асосӣ дар минтақа табдил додааст.

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли равон 11 млрд. 158 млн. 519 сомонӣ (беш аз 2,3 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5,2% зиёдтар аст.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.