Соли равон истеҳсоли тухм ба миқдори 15 млн. дона афзуд

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон ҳудуди 80 млн. дона тухми мурғ истеҳсол гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 15 млн. дона зиёдтар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Паррандапарвар» Машокир Назаров хабар дод, афзоиши истеҳсоли тухм ба беҳбуди таъмини аҳолии мамлакат, […]

Машҳура Абдуллоева

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон ҳудуди 80 млн. дона тухми мурғ истеҳсол гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 15 млн. дона зиёдтар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Паррандапарвар» Машокир Назаров хабар дод, афзоиши истеҳсоли тухм ба беҳбуди таъмини аҳолии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе бо тухми хушсифат ва гӯшти парҳезии мурғ мусоидат мекунад. «Дар пойтахт се нуқтаи фурӯши гӯшти мурғи хушсифат ва тухм бо нархҳои дастрас амал мекунанд», – гуфт ӯ.

М.Назаров мегӯяд, сол то сол талаботи аҳолӣ ба гӯшт ва тухми мурғ дар ҳоли болоравӣ буда, барои пурра қонеъ сохтани талаботи як нафар ҳамасола истеҳсоли 6 кило гӯшти парҳезии мурғ ва 220 дона тухм зарур аст. «Айни замон дар ҷумҳурӣ 23 корхонаи паррандапарварӣ амал мекунад, ки дар онҳо ҳудуди 1,5 млн. паррандаҳо парвариш карда мешаванд», – иброз дошт номбурда.

Қобили зикр аст, ки соли 2006 ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи рушди паррандапарварӣ барои солҳои 2007-2015-ро қабул намуд, ки он ба беҳбуди заминаи истеҳсолии корхонаҳои паррандапарварӣ, таъмини саривақтии бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва роҳандозии содироти ин маҳсулот ба хориҷи кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.