Ба ифтихори ҷашни истиқлол дар пойтахт намоиши идона доир мегардад

Душане. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Субҳи рӯзи 9-уми сентябр ба ифтихори ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт намоиши идона баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, рӯзи 18-уми июл раиси пойтахт Маҳмадсад Убайдуллоев дар машварати фаъолони шаҳр изҳор кардааст, ки субҳи 9-уми […]

Аваз Юлдошев

Душане. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Субҳи рӯзи 9-уми сентябр ба ифтихори ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт намоиши идона баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, рӯзи 18-уми июл раиси пойтахт Маҳмадсад Убайдуллоев дар машварати фаъолони шаҳр изҳор кардааст, ки субҳи 9-уми сентябр дар майдони асосии кишвар ба муносибати ҷашни истиқлол гузашти низомии пуршукӯҳ ва намоиши идонаи сокинони пойтахт доир мегардад.

«Шоми ҳамон рӯз дар варзишгоҳи марказии пойтахт бахшида ба ин ҷашн намоиши театрикунонидашуда ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Ш.Саидов, рӯзи ҷашн дар боғҳои истироҳату фароғати «Дӯстии халқҳо», Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, «800-солагии Маскав», гулгашти ба номи Мироненко ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр низ чоарбиниҳои идона ва сайругашти оммавӣ баргузор мешаванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.