Бунёди корхонаи истеҳсоли троллейбусу велосипед дар пойтахт

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 18 июли соли 2011 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2011 бо иштироки фаъолони пойтахт баргузор гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар […]

Asia-Plus

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 18 июли соли 2011 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2011 бо иштироки фаъолони пойтахт баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷаласа зикр гардид, ки тибқи маълумоти фаврии оморӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввал 2830,5 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2010 бо нархҳои ҷорӣ 106,5 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти умумии дохилии ҷумҳурӣ нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2010-ум 3,2 фоиз зиёд шуда, 25,4 фоизро ташкил намуд.

Ба иттилои манбаъ, музди меҳнати миёнаи номиналии як корманд  дар моҳҳои январ-майи соли 2011-ум  дар пойтахт 805,58 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2010-ум (636,3сомонӣ) 126,6 фоиз зиёд аст. «Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 209 корхонаи шаҳр дар ҳаҷми 404,1 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли 2010 ба 115,9 фоиз баробар буда,  55,5 млн.сомонӣ зиёд мебошад», – гуфт ӯ.

Ш.Саидов ҳамчунин гуфт, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев ба мақомоти дахлдор супориш додааст, ки ба корҳои мавриди истифода қарор гирифтани корхонахои нави истеҳсоли ноқилҳои барқӣ ва фурӯзонаҳои каммасраф ба муносибати ҷашни истиқлол ва гузоштани хишти аввали бунёди корхонаи истеҳсоли троллейбусҳо ва велосипед дар шаҳри Душанбе то ҷашни мазкур вусъат бахшида шавад. «Раиси пойтахт бори дигар таваҷҷӯҳи фаъолони пойтахт ва кулли масъулинро ба тақвияти корҳои омодагӣ нигаронида, бо ин мақсад дастур дод, ки баргузории Рӯзҳои шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе то 31 июли соли 2011 ба анҷом расонида шавад», – афзуд котиби матбуотии раиси пойтахт.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.