Тағйироти кадрии ҷанҷолӣ дар мақомоти раҳбарии ширкати «Ист Эйр»

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи сипаришуда дар ҳайати мақомоти раҳбарии ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» тағйирот ба вуқӯъ пайваст. Мансаби иҷрокунандаи вазифаи директори ҶСП «Ист Эйр» Владимир Куимовро Фирдавс Мухторов ишғол намуд. Ин таъиноти нав боиси норозигии роҳбари пешин гардид. Ба гуфтаи В. Куимов, ки бинобар вазъи нохуби саломатиаш муддати чанде дар хориҷи […]

Ҳайдар Шодиев

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи сипаришуда дар ҳайати мақомоти раҳбарии ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» тағйирот ба вуқӯъ пайваст. Мансаби иҷрокунандаи вазифаи директори ҶСП «Ист Эйр» Владимир Куимовро Фирдавс Мухторов ишғол намуд. Ин таъиноти нав боиси норозигии роҳбари пешин гардид.

Ба гуфтаи В. Куимов, ки бинобар вазъи нохуби саломатиаш муддати чанде дар хориҷи кишвар аст, мақомоти раҳбарии фурудгоҳи Душанбе ба дафтари кории ширкати «Ист Эйр» бидуни огаҳии директори генералии он ворид гардида, ӯро аз мансаб сабукдӯш ва Фирдавс Мухторовро раҳбари ширкат таъин кардааст. «Ин ғасби рейдерӣ аст. Айни замон мо ба ширкат адвокатҳои худро фиристодем, то ки аз ҳуқуқҳоямон дифоъ кунанд», – изҳор кард ба ОИ «Азия-Плюс» Куимов.

Дар навбати худ, раҳбари тозатаъини ширкат Фирдавс Мухторов мегӯяд, ин ҷо ҳеҷ ғасби рейдерӣ ҷой надошта, мутобиқи моддаи 54-и Кодекси ҳавопаймоии Тоҷикистон танҳо шаҳрванди Тоҷикистон роҳбари ширкати ҳавопаймоӣ буда метавонад. «Владимир Куимов шаҳрванди Тоҷикистон нест ва дар муддати се сол ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи директори ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» ифои вазифа мекард. Иштирокчие, ки молики 51 дарсади саҳмияи ширкат аст, тасмим гирифт, ки маро директори ширкат таъин намояд», – гуфт Ф.Мухторов.

Ба қавли Мухторов, дарвоқеъ он замон Владимир Куимов ҳузур надошт ва расман ваколатҳои иҷрокунандаи вазифаи директори генералии ширкатро ба Станислав Янчук супурда буд, ки дар ҳузури ӯ маросими таъини директори нави ширкат доир гардид. «Он ҷо ҳамчунин ноиби президенти ширкат – молики ҳавопаймоҳои «Исток Авиа FZE» Пётр Иванник низ ҳузур дошт», – афзуд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба қазияи мазкур моликони ҳавопаймоҳо парвози ҳавопаймо бо хатсайрҳои самти Кӯлоб-Маскав ва Кӯлоб-Санкт-Петербургро боздоштанд. Парвози ҳавопаймоҳо бо ин хатсаййрҳоро ширкати «Ист-Эйр» анҷом медиҳад. Парвози ҳавопаймо ба Ню-Дели (Ҳиндустон) дар таърихи 19-уми июл низ то ҳол норӯшан аст.

Ширкати ҳавопаймоии «Ист-Эйр» моҳи сентябри соли 2007 ба фаъолият шурӯъ карда, парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Ню-Делиро анҷом медиҳад. Барои таъмини парвози ҳавопаймоҳо ширкати «Ист Эйр» дар асоси лизинг ҳавопаймоҳои ширкати «Исток Авиа FZE»-ро истифода мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.