Эҳтимоли имконпазирии узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ

Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Неъмат Раҳматов изҳор кард, ки дар партави созишнома ва қарордодҳои дар чаҳорҷӯби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕвраЗЭС) амалкунанда эҳтимоли узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукии Русияву Белорус ва Қазоқистон имконпазир аст. «Дар ҳамин ҳол, бо назардошти шартҳои амалкунанда дар бораи мавҷудияти […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Неъмат Раҳматов изҳор кард, ки дар партави созишнома ва қарордодҳои дар чаҳорҷӯби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕвраЗЭС) амалкунанда эҳтимоли узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукии Русияву Белорус ва Қазоқистон имконпазир аст.

«Дар ҳамин ҳол, бо назардошти шартҳои амалкунанда дар бораи мавҷудияти марзҳои умумӣ бо кишварҳои узви иттиҳод, Тоҷикистон танҳо пас аз узвияти Қирғизистон метавонад аъзои он гардад», – гуфт вай.

Ба қавли Раҳматов, чун номи иттиҳоди ҳамгиройии мазкур Иттиҳоди гумрукӣ аст, аксарият бар он назаранд, ки ҳалли масъалаи узвият ба он танҳо ба салоҳияти Хадамоти гумрук марбут аст. «Аммо ин тавр нест. Иттиҳоди гумрукӣ ва фаъолияти он – марҳилаи гузариш ба ташаккули фазои ягонаи иқтисодӣ аст, ки маҷмӯи васеи сиёсати иқтисодиро дар бар мегирад ва аз ин рӯ, он танҳо ба хадамоти гумрук вобаста нест», – иброз дошт ӯ.

Номбурда зикр кард, ки айни замон тибқи супориши ҳукумати ҷумҳурӣ як гурӯҳи кории салоҳиятдори байниидоравӣ оид ба омӯзиши масоили узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ таъсис дода шудааст. «Баъди таҳлилу омӯзиши оқибатҳои имконпазири узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ, қарори мушаххас қабул карда хоҳад шуд», – афзуд Н.Раҳматов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.