Интихоби роҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ВМКБ

Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Роҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сабзалӣ Мамадризоев интихоб гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, дар конфронси вилоятии ҳизб, ки дар таърихи 17-уми июл доир гардид, ҳамчунин даҳ нафар вакилони вилоят низ ба анҷумани навбатии ҳизб интихоб шудаанд. Баргузории анҷумани […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Роҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сабзалӣ Мамадризоев интихоб гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, дар конфронси вилоятии ҳизб, ки дар таърихи 17-уми июл доир гардид, ҳамчунин даҳ нафар вакилони вилоят низ ба анҷумани навбатии ҳизб интихоб шудаанд. Баргузории анҷумани навбатии ҲНИТ ахири соли равон дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, пас аз марги нобаҳангоми собиқ раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ Сироҷ Калонов, тайи як соли ахир бахши вилоятии ҳизб бидуни роҳбар фаъолият дошт ва тамоми ин муддат ҳизб пайи ҷустуҷӯйи номзади арзанда буд.

Қобили зикр аст, ки айни замон ҲНИТ дар сафҳои худ ҳудуди 40 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 2 ҳазор нафарашон сокинони ВМКБ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.