Таҳияи «Китоби сурх»-и нави Тоҷикистон аз ҷониби беш аз 60 нафар олимон

Date:

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | «Китоби сурх»-и нави Тоҷикистон, ки рӯйи таҳияи он 60 нафар олимон машғуланд, ахири соли 2012 ба табъ хоҳад расид, – изҳор дошт дар ҷамъи рӯзноманигорон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Талбак Салимов.

Дар робита ба ин масъъала Талбак Салимов мегӯяд, «Китоби сурх»-и нахустин ва ягонаи Тоҷикистон соли 1988 ба чоп расида, соли 1994 тарҷумаи он ба забони тоҷикӣ нашр шуд. «Аз он замон дар таркиби набототу хайвоноту Тоҷикистон тағйироти зиёде ба вуқӯъ пайвастанд ва бо назардошти он, мо ният дорем, ки «Китоби сурх»-и нави кишварро аз нав таҳия намоем», – иброз дошт вай.

Дар «Китоби сурх»-и нави Тоҷикистон дар бораи вазъ, ҷараёни паҳншавӣ ва макони зисти ҳайвоноту наботот, чораҳо бобати ҳифзи ҳайвоноту набототи нодир, ки дар ҳоли нестшавӣ қарор доранд ва дигар организмҳои муваққатан ё доимӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ маскунбуда маълумоти муфассал дарҷ хоҳад ёфт.

Бо қарори ҳукумат аллакай ҳайати мушовараи муҳаррирони таҳияи «Китоби сурх»-и нави Тоҷикистон таъсис ёфта, барои таҳия ва нашри он аз ҳисоби бюҷети давлатӣ маблағи зарурӣ ҷудо карда мешавад.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...