Интиқоли беш аз 130 ҳазор тонна сӯзишвории НАТО тавассути қаламрави Тоҷикистон

Date:

Душанбе. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли равон тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон беш аз 190 ҳазор тонна бор ба Афғонистон интиқол дода шудааст.

Зимни нишасти матбуотӣ сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов изҳор кард, ки аз ҳаҷми умумии бор 80% ё худ 130 ҳазор тоннаашро сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо ташкил медод, ки барои нерӯҳои Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар Афғонистон пешбинӣ шуда буд.

Амонулло Ҳукумов зикр кард, ки соли 2009 ҳаҷми ҳамлу нақли транзитии борҳои Афғонистон тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон 380 ҳазор тоннаро ташкил дода буд. «Соли гузашта тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон транзити борҳо ба Афғонистон қариб сурат нагирифта буд. Сабабаш дар он буд, ки борҳои фиристодашуда ба Тоҷикистон ва минбаъд ба Афғонистон муддати қариб тамоми соли 2010 бидуни ҳеҷ асосе дар қаламрави Ӯзбекистон боздошт шуда буданд», – гуфт ӯ.

Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон зикр кард, ки соли равон низ дар масъалаи транзити борҳо бо Ӯзбекистон мушкилот боқӣ мондааст, вале бо кӯшишҳои муштарак онҳо саривақт роҳи ҳалли худро пайдо кардаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...