Интиқоли беш аз 130 ҳазор тонна сӯзишвории НАТО тавассути қаламрави Тоҷикистон

Душанбе. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли равон тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон беш аз 190 ҳазор тонна бор ба Афғонистон интиқол дода шудааст. Зимни нишасти матбуотӣ сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов изҳор кард, ки аз ҳаҷми умумии бор 80% ё худ 130 ҳазор тоннаашро сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо ташкил медод, ки […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли равон тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон беш аз 190 ҳазор тонна бор ба Афғонистон интиқол дода шудааст.

Зимни нишасти матбуотӣ сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов изҳор кард, ки аз ҳаҷми умумии бор 80% ё худ 130 ҳазор тоннаашро сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо ташкил медод, ки барои нерӯҳои Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар Афғонистон пешбинӣ шуда буд.

Амонулло Ҳукумов зикр кард, ки соли 2009 ҳаҷми ҳамлу нақли транзитии борҳои Афғонистон тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон 380 ҳазор тоннаро ташкил дода буд. «Соли гузашта тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон транзити борҳо ба Афғонистон қариб сурат нагирифта буд. Сабабаш дар он буд, ки борҳои фиристодашуда ба Тоҷикистон ва минбаъд ба Афғонистон муддати қариб тамоми соли 2010 бидуни ҳеҷ асосе дар қаламрави Ӯзбекистон боздошт шуда буданд», – гуфт ӯ.

Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон зикр кард, ки соли равон низ дар масъалаи транзити борҳо бо Ӯзбекистон мушкилот боқӣ мондааст, вале бо кӯшишҳои муштарак онҳо саривақт роҳи ҳалли худро пайдо кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.