Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Рӯзҳои истироҳати сипаришуда кормандони милиса дар қаламрави шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии миқдори зиёди маводи мухаддир шаҳрванди 21-солаи шаҳри Липецки Русия Д.Р.-ро боздошт намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни азназаргузаронии шахсии боздоштшуда аз кисаҳои ӯ ҳудуди 950 грамм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.
«Ҳангоми азназаргузаронии манзили иҷораи ӯ 22 бастаи дорои 20 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти вазорат.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, шаҳрванди Русия ба ҳабс гирифта шудааст.


