Вазири молия: Масъалаи қарзи хориҷӣ набояд боиси нигаронӣ бошад

Date:

Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ вазири молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки айни замон ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 75 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 33% рост меояд.

Наҷмиддинов зикр кард, ки нимаи аввали соли равон ҳаҷми хизматгузории қарзи хориҷӣ 42 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз ин миқдор 16 млн. пардохти қарзи асосӣ ва 26 млн. $ пардохти фоизҳо мебошад. «Мутобиқи стратегияи идоракунии қарзи хориҷии мамлакат, ҳадди ниҳоии ҷалби қарзҳо дар сатҳи 40% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муайян карда шуда, чунин таносуб аз ҷониби созмонҳои байнулмилалии молиявии мададрасон тавсия шудааст ва аз ин рӯ, ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба барнома мутобиқ аст», – гуфт вай.

Вазири молия таъкид сохт, ки имрӯз атрофи ҳаҷми қарзи хориҷӣ дар ВАО баҳсу мунозираҳои гуногун сурат мегиранд, вале он набояд боиси нигаронӣ бошад, зеро қарзи хориҷӣ муваффақона идора ва саривақт хизматгузорӣ мешавад.

Ба қавли С.Наҷмиддинов, қарзи ахир дар ҳаҷми 26 млн. доллари ИМА аз ҷониби Бонки содиротиву воридотии Чин барои сохтмони зеристгоҳи Хуҷанд ҷудо гардидааст. «То чанде қабл вилояти Суғд дар як шабонарӯз 12 соат бо нерӯи барқ таъмин мегардид ва бунёди ин зеристгоҳ барои таъмини шабонарӯзии вилоят бо барқ шароит фароҳам сохт», – афзуд вазир.

Дар ҳамин ҳол, ба ақидаи доктори улуми иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Тоҷикистон минбаъд бояд аз ҷалби қарзҳои хориҷӣ худдорӣ кунад, зеро хизматгузории қарз ба вазъи иҷтимоии кишвар осеби зиёд мерасонад. «Дар Вазорати молия аллакай камбуди воситаҳо барои хизматгузории қарзро эҳсос мекунанд, – изҳор кард ӯ дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс». – Аз ин рӯ, онҳо аз қарздеҳони хориҷӣ дархост доранд, ки мӯҳлати баргардонидани онҳоро дароз кунанд, аммо дар натиҷаи тамдиди мӯҳлати пардохти қарз, онҳо бештар гардида, минбаъд мо маҷбур мешавем, ки бо коҳиши ҳаҷми хароҷот ба бахши иҷтимоӣ қарзҳои ҳаҷман бузургро хизматгузорӣ намоем».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...