Рӯзноманигорони Суғд ба бинои нави Кохи матбуот мекӯчанд

Хуҷанд. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Идораҳои васоити ахбори умум ва рӯзноманигорони вилояти Суғд ба бинои нави Кохи матбуот мекӯчанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Кохи матбуоти вилояти Суғд Илҳоми Ҷамолиён хабар дод, сохтмони маҷмаа соли 2007 шурӯъ шуда, айни замон корҳои асосӣ дар он ба итмом расидаанд. «Ин бинои 13-ошёна […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Идораҳои васоити ахбори умум ва рӯзноманигорони вилояти Суғд ба бинои нави Кохи матбуот мекӯчанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Кохи матбуоти вилояти Суғд Илҳоми Ҷамолиён хабар дод, сохтмони маҷмаа соли 2007 шурӯъ шуда, айни замон корҳои асосӣ дар он ба итмом расидаанд. «Ин бинои 13-ошёна ва яке аз биноҳои баландтарини шаҳри Хуҷанд буда, баландии он 54 метр ва дорои 200 ҳуҷраи корӣ аст», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вай, дар қисмати таҳхонаи бино ошхона ва се толори конфронс ва дар ошёнаи охирини он боғи зимистона ва майдони азназаргузаронӣ бо дастгоҳҳои оптикӣ ҷойгир хоҳад шуд. «Ҳуҷраҳои корӣ бо тарзи аврупоӣ сохта шуда бо кондитсионерҳои «зимистон-тобистон» муҷаҳҳаз гардидаанд», – иброз дошт  И. Ҷамолиён.

Илҳоми Ҷамолиён ҳамчунин гуфт, ҳама ҳуҷраҳои корӣ бо мебели зарурӣ ва интернети беноқил таъмин гардида, чор лифт омодаи кор мешаванд. «Арзиши бино бо тамоми таҷҳизоташ 23 млн. сомонӣ маблағ аз ҳисоби бюҷетро ташкил дода, дар он васоити ахбори умуми давлатӣ ва намояндагони нашриёти хусусиву байнулмилалӣ низ фаъолият карда метавонанд», – изҳор кард ӯ.

Номбурда илова кард, ки дар ин бино ширкатҳои телевизионӣ ҷойгир шуда наметавонанд, зеро барои онҳо шароити махсус зарур аст, вале хабарнигорони шабакаҳои телевизионии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ метавонанд  дар ин ҷо дафтари корӣ ба иҷора гиранд. «Моҳи сентябр ё пештар аз он рӯзноманигорон ба ин ҷо мекӯчанд», – афзуд И.Ҷамолиён.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.