Шӯрои уламо: Моҳи Рамазон 1-уми август оғоз мегардад

Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Бо қарори Шӯрои уламои кишвар соли равон моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз 1-уми август, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда оғоз мегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби Шӯрои уламои кишвар Неъматулло Олимов хабар дод. Бқавли номбурда, аз рӯйи тақвими мусулмонӣ, рӯзи нав на дар нимашаб, балки баъди ғуруби […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Бо қарори Шӯрои уламои кишвар соли равон моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз 1-уми август, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда оғоз мегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби Шӯрои уламои кишвар Неъматулло Олимов хабар дод.

Бқавли номбурда, аз рӯйи тақвими мусулмонӣ, рӯзи нав на дар нимашаб, балки баъди ғуруби офтоб шурӯъ мегардад. «Аз ин рӯ, намози таровеҳи рӯзи якуми Рамазон рӯзи якшанбе баргузор мешавад», – гуфт ӯ.

«Шӯрои уламои кишвар аз ҳамаи тоҷирону савдогарон даъват мекунад, ки дар моҳи шарифи Рамазон мувофиқи имкон нархи маҳсулот, пеш аз ҳама маводи ғизоиро арзон кунанд», – зикр кард Олимов.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ҳукми Худованд буда, мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.