Ба иншооти ҷашнӣ беш аз 212 млн. $ маблағи бюҷет масраф шуд

Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Моҳи сентябри соли равон ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатӣ бояд зиёда аз 1 ҳазору 400 иншоот мавриди истифода қарор гиранд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов. Ба қавли вазир, аз ин миқдор 854 иншоот аз ҳисоби воситаҳои давлатӣ бунёд мегарданд. «Соли равон […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Моҳи сентябри соли равон ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатӣ бояд зиёда аз 1 ҳазору 400 иншоот мавриди истифода қарор гиранд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов.

Ба қавли вазир, аз ин миқдор 854 иншоот аз ҳисоби воситаҳои давлатӣ бунёд мегарданд. «Соли равон баҳри схтмони иншооти ҷашнӣ аз буҷаи давлатӣ ҳудуди 300 млн. сомонӣ (беш аз 63 млн. $) ва дар маҷмӯъ аз оғози бунёди иншоот беш аз 1 млрд. сомонӣ (212 млн. $) маблағ ҷудо гардид.

Наҷмиддинов шарҳ дод, ки иншооте мавҷуданд, ки сохтмони онҳо муддати се-чор сол идома дорад. «Ғайр аз ин, аз фонди президент барои сохтмони интернат дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ боз 11 млн. сомонӣ ихтисос дода шуд», – таъкид сохт ӯ.

«Инҳо асосан иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, яъне мактабу бемористон ва дармонгоҳҳо мебошанд, – идома дод ӯ. – Гап сари он аст, ки сарвари давлат дар назди мо вазифа гузошт, ки пеш аз ҳама бахши иҷтимоиро дастгирӣ намоем».

Вазири молияи ҷумҳурӣ зикр кард, ки воситаҳо барои сохтмони иншооти ҷашнӣ пешакӣ дар бюҷети давлатӣ пешбинӣ гардида буданд. «Дар бюҷет моддаи маблағгузории асосӣ мавҷуд аст, ки ин маблағҳо дар он қарор доштанд», – афзуд С.Наҷмиддинов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.