Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ Стратегияи мубориза зидди шиканҷаро баррасӣ карданд

Date:

Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — |Рӯзҳои 23-24-уми июл дар шаҳри Душанбе мулоқоти кории созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ ва медиа-ташкилотҳо доир гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Нотабене», Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон ва Марказ оид ба ҳуқуқи инсон бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва ташаббуси ҳуқуқии Институти Ҷомеаи кушода доир гардид.

Чӣ тавре ки ба «ОИ «Азия-Плюс» директори «Нотабене» Нигина Баҳриева хабар дод, Стратегия ба ҳамгиройии кӯшишоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалисозии фаъолият оид ба мубориза зидди шиканҷа дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.

 «Дар кишвар ташкилотҳои зиёде мавҷуданд, ки ба масоили озод будан аз шиканҷа, расонидани кӯмаки амалии ҳуқуқӣ ва равонӣ ба ҷабрдидагон аз шиканҷа ва таҳлили қонунгузориву мониторинги риояи ҳуқуқи инсон машғуланд, – гуфт ӯ. – Чанде қабл Эътилофи Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ (ТҒҲ) оид ба омодасозии гузориши алтернативӣ ба Кумитаи СММ оид ба шиканҷа тасъсис дода шуд. Фаъолияти ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар ин самт, аз ҷумла дар кор бо гурӯҳҳои алоҳида, хизматчиёни низомӣ ва шахсони дорои эҳтиёҷи иловагӣ муассир аст. Таҳияи механизми захираи доимии маълумот, табодули таҷриба, дигар кардани самти фаъолият ва дастгирии якдигар зарур аст. Дар ин ҳолат фаъолияти мо бештар пурсамар мегардад».

Ба гуфтаи Баҳриева, дар Стратегия барои панҷ соли наздик самтҳои афзалиятнок муқаррар шудаанд: 1. Таълими масоили дифоъ аз ҳуқуқ барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҒҲ, ВАО) ва ҷамъияти тахассусӣ (ҳуқуқшиносон, равоншиносон, табибон) оид ба мубориза алайҳи шиканҷа ва бидуни ҷазо гузоштан дар Тоҷикистон; 2. Омодагии касбии намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ (муфаттишон, прокурорҳо, ҳайати шахсии зиндонҳо, кормандони тиббӣ ва ғайра) оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа, тафтишоти пурсамар ва ҳуҷҷатгузории истифода аз шиканҷа ва рафтори бад; 3. Такмили қонунгузорӣ оид ба меъёри озодӣ аз шиканҷа ва адолати судии ҷиноӣ, рушди ниҳодии мақомоти ҳокимияти давлатӣ бобати таъсиси механизмҳои муассири пешгирии шиканҷа, вокуниш ва тафтишоти далелҳои истифодаи шиканҷа, ҳифз ва сафедкунии ҷабрдидагон аз шиканҷа; 4. Мониторинги риояи ҳуқуқи инсон оид ба озодӣ аз шиканҷа, эдвокасии миллӣ ва байнулмилалӣ барои роҳандозии ислоҳот дар бахши мубориза зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва 5. Ҳифзи амалӣ ва сафедкунии ҷабрдидагон аз шиканҷа тавассути рушди низоми расонидани кӯмаки амалии ҳуқуқӣ ва сафедкунии ҷабрдидагон аз шиканҷа.

«Қайд кардан зарур аст, ки Стратегия бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва созмонҳои байнулмилалие, ки ба ин масъала таваҷҷӯҳ доранд, робитаи мутақобила ва ҳамкориро ба роҳ хоҳад монд», – таъкид сохт Баҳриева.

Коршинос илова намуд, ки мушкилоти зиёде мавҷуданд, ки ҳамгиройии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалисозии ташаббусҳои муштаракро тақозо доранд. «Ниҳоди назорат аз болои зиндонҳо, ки кафолати муҳими пешгирии шиканҷа ва дастрасӣ ба ҳимояи пурсамари ҳуқуқӣ аст, таъсис дода нашудааст; механизмҳои тафтишоти пурсамари шикоят дар бораи шиканҷа таҳия нагардидааст; ҷомеаи шаҳрвандӣ ба лоиҳаҳои қонунгузорӣ дар бахши дифоъ аз ҳуқуқи инсон дастрасӣ надорад. Тайи солҳои ахир барои ВАО ва рӯзноманигорон ин масъала муҳим гардид, зеро барои инъикоси мушкилоти истифодаи шиканҷа рӯзноманигорон мавриди таъқиб қарор гирифта, аз болои онҳо дар ин хусус ба судҳо аризаҳои даъвогӣ пешниҳод мегарданд», – афзуд Баҳриева.  

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон узви Аҳдномаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Конвенсия бар зидди шиканҷа ва дигар кирдору ҷазои золимона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну эътибор буда, ба баргузории ислоҳот дар соҳаи қонунгузорӣ ва таҷриба оид ба масоили таъмини меъёрҳои озодӣ аз шиканҷа ӯҳдадор шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related