Хатари аслиҳаи натаркидаи тамрингоҳи Момирак ба аҳолии маҳаллӣ

Кӯлоб. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Кумитаи минтақавии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Кӯлоб миёни аҳолии гирду атрофи тамрингоҳи низомии Момираки ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон таҳти унвони «Аз аслиҳаву мина эҳтиёт бош!» як силсила сӯҳбату сӯхбату семинарҳо доир карданист. Машқгоҳи низомии Момирак аз ҷониби пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия барои баргузории тамринҳои низомӣ истифода мешавад. Чанде қабл, рӯзи […]

Турко Дикаев

Кӯлоб. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Кумитаи минтақавии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Кӯлоб миёни аҳолии гирду атрофи тамрингоҳи низомии Момираки ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон таҳти унвони «Аз аслиҳаву мина эҳтиёт бош!» як силсила сӯҳбату сӯхбату семинарҳо доир карданист.

Машқгоҳи низомии Момирак аз ҷониби пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия барои баргузории тамринҳои низомӣ истифода мешавад. Чанде қабл, рӯзи 12-уми июл дар машқгоҳҳои низомии Лоҳур ва Момирак тамрингоҳои низомии як қатор ҷузъу томҳои пойгоҳи 201-уми низомӣ оғоз гардиданд.

Таввре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири иҷроияи кумита Зайниддин Олимов хабар дод, машқгоҳ натанҳо панҷара, балки сарҳади мушаххасе ҳам надошта, тирпаррониҳои омӯзишӣ тез-тез баргузор мешаванд ва силоҳҳои натаркида ба масофаҳои дури гирду атроф омада мерасанд.

«Дар замини кишти гандум ва чарогоҳҳо на ҳамеша метавон силоҳу минаҳои натаркидаро мушоҳида кард», – гуфт мусоҳиб ва илова кард, ки нияти таҳияи харитаи ҷойҳои эҳтимолии мавҷуд будани онҳоро доранд, то ки аҳолии маҳаллӣ аз онҳо огоҳ бошанд.

Олимов мегӯяд, нигаронӣ атрофи тамриноҳи низомӣ бесабаб нест. «Соли гузашта дар деҳаи наздики машқгоҳи Дараи Оби ноҳияи Шӯрообод аз инфиҷори аслиҳаи натаркида навраси 16-сола Авазхони Салом ба ҳалокат расид. Соли 2006 ҳодисаи ба ин монанд бо Сайусмон Сулаймони 17-сола рух дод. Тайи солҳои ахир бар асари баргузории тирпаррониҳои ҷангӣ 15 манзили зисти сокинони деҳаҳои ноҳияҳои Мӯъминобод ва Шӯрообод осеб диданд», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти Кумитаи минтақавии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ноҳиявӣ, муддати 20 сол дар Шӯрообод бар асари инфиҷори аслиҳа ва минаҳо 26 тан осеб диданд, ки 13 нафари онҳо дар ҷойи ҳодиса ё баъдтар аз ҷароҳати бардошта ба ҳалокат расидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.