Ҳашт кушта дар задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Афғонистон

Date:

Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони афғон боз нияти убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистонро пеш гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ноҳияи Шӯрообод марзбонони тоҷик 12 нафар қочоқбарони нашъаи афғонро ба мушоҳида мегиранд. «Зимни задухӯрди мусаллаҳона миёни ҷонибҳо 8 нафар қочоқбари афғон кушта шуданд», – гуфт манбаъ, вале аз осеб дидани марзбонон чизе изҳор накард.

Ба иттилои сарчашма, дар ҷойи задухӯрд миқдори зиёди аслиҳаи оташфишон ва тахминан 50 кило маводи мухаддири навъъи ҳашиш дарёфт шудааст.

Дарозии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 1 ҳазору 344 километрро ташкил медиҳад. Як моҳ қабл низ марзбонони тоҷик аз убури ғайриқонунии як гурӯҳи ҷангиёни афғон ҷилавгирӣ намуда, ду ҷангии афғонро ба қатл расонида буданд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...