Насби ҳисобкунакҳои об дар манзили сокинони пойтахт

Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Айни замон шумори умумии истифодабарандагони оби пойтахт 170 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва ҳамагӣ 5%-и онҳо бо ҳисобкунакҳои об таъминанд. Зимни нишасти хабарӣ муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ҳисобкунакҳои об асосан дар муассисаҳои хӯроки умумӣ, ташкилоту корхона, вазорату идораҳои […]

Валентина Кондрашова

Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Айни замон шумори умумии истифодабарандагони оби пойтахт 170 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва ҳамагӣ 5%-и онҳо бо ҳисобкунакҳои об таъминанд.

Зимни нишасти хабарӣ муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ҳисобкунакҳои об асосан дар муассисаҳои хӯроки умумӣ, ташкилоту корхона, вазорату идораҳои бюҷетӣ (мактаб, беморхона, кӯдакистон ва ғайра) гузошта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Хайруллоев чораҳои таъмини аҳолии пойтахт бо ҳисобкунакҳои обро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд. «Дар доираи лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе бобати дар навбати аввал ба хонаҳои ошёнаҳои якуму дуюм гузоштани ҳисобкунакҳои об қарор қабул шуд, зеро маҳз дар манзилҳои ин ошёнаҳо об оқилона истифода намегардад», – гуфт ӯ.

Муовини аввали раиси пойтахт ҳамчунин гуфт, дар хонаҳои истиқоматии хусусӣ низ аксар вақт об беҳуда масраф мегардад. «Амалисозии лоиҳа аз маҳаллаҳои сераҳолии пойтахт – Зарафшон ва микроррайони 65-ум оғоз мегаардад», – иброз дошт номбурда.

Хайруллоев хотиррасон намуд, ки баҳри амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 16 млн. доллари ИМА бурс ҷудо кард. Дар доираи татбиқи он насби 76 ҳазору 500 дона ҳисобкунакҳои об пешбинӣ шудааст. Ба қавли ӯ, амалисозии лоиҳа аллакай оғоз гардида, он соли 2016 ба итмом мерасад.

Дар посух ба суоли аз куҷо дастрас гардидани ҳисобкунакҳои об, номбурда изҳор кард, ки аз рӯйи натиҷаҳои тендер ширкати истеҳсолкунанда интихоб хоҳад шуд Дар бораи оғози гузоштани ҳисобкунакҳои об ба манзили сокинони пойтах тавассути ВАО ба таври иловагӣ хабар дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.