Б. Худоёров: Ҳайати комиссия оид ба омӯзиш ва истифодаи лоиҳаи Қонун «Дар бораи афв» муайян гардид

Date:

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни шарҳи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» вазири адлияи ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёров изҳор кард, ки ҳайати комиссия ҷиҳати омӯзиш ва истифодаи он муайян карда шудааст.

Ба қавли ӯ, ба ҳайати комиссия намояндагони 9 мақомот – ВКД, КДАМ, Вазорати мудофиа, АНМН, Гвардияи миллӣ, Вазорати адлия, судҳо, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва кормандони муассисаҳои ислоҳотӣ шомил мегарданд. «Вазифаи комиссияи мазкур омӯзиш ва дар муддати як моҳ ислоҳи камбудиҳои дар қонун ҷойдошта аст», – гуфт ӯ.

Б.Худоёров ҳамчунин зикр кард, ки дар зарфи се моҳ комиссия дар бораи натиҷаи кори худ ба сарвари давлат ҳисобот хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки 27-уми июл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи афв»-ро ба баррасии палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳод намуд.

Ҳамин тариқ мувофиқи маълумотҳои пешакӣ, қонуни мазкур нисбати зиёда аз понздаҳ ҳазор гумонбаршудаҳо, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла дар назар аст, ки зиёда аз чор ҳазор маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуда, нисбати дигар маҳкумшудагон мўҳлати ҷазои маҳрум сохтан аз озодии адонагардидаи онҳо кам карда мешавад.

Акс аз радиои «Озодӣ»

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...