Б. Худоёров: Ҳайати комиссия оид ба омӯзиш ва истифодаи лоиҳаи Қонун «Дар бораи афв» муайян гардид

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни шарҳи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» вазири адлияи ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёров изҳор кард, ки ҳайати комиссия ҷиҳати омӯзиш ва истифодаи он муайян карда шудааст. Ба қавли ӯ, ба ҳайати комиссия намояндагони 9 мақомот – ВКД, КДАМ, Вазорати мудофиа, АНМН, Гвардияи миллӣ, Вазорати адлия, судҳо, Агентии назорати давлатии […]

Фируз Умарзода

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни шарҳи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» вазири адлияи ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёров изҳор кард, ки ҳайати комиссия ҷиҳати омӯзиш ва истифодаи он муайян карда шудааст.

Ба қавли ӯ, ба ҳайати комиссия намояндагони 9 мақомот – ВКД, КДАМ, Вазорати мудофиа, АНМН, Гвардияи миллӣ, Вазорати адлия, судҳо, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва кормандони муассисаҳои ислоҳотӣ шомил мегарданд. «Вазифаи комиссияи мазкур омӯзиш ва дар муддати як моҳ ислоҳи камбудиҳои дар қонун ҷойдошта аст», – гуфт ӯ.

Б.Худоёров ҳамчунин зикр кард, ки дар зарфи се моҳ комиссия дар бораи натиҷаи кори худ ба сарвари давлат ҳисобот хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки 27-уми июл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи афв»-ро ба баррасии палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳод намуд.

Ҳамин тариқ мувофиқи маълумотҳои пешакӣ, қонуни мазкур нисбати зиёда аз понздаҳ ҳазор гумонбаршудаҳо, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла дар назар аст, ки зиёда аз чор ҳазор маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуда, нисбати дигар маҳкумшудагон мўҳлати ҷазои маҳрум сохтан аз озодии адонагардидаи онҳо кам карда мешавад.

Акс аз радиои «Озодӣ»

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.