Гуфтушуниди Ҳамрохон Зарифӣ бо президенти Туркманистон

Date:

Душанбе. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрӯз бо супориши сарвари давлат вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафари кории дурӯза озими Туркманистон шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни сафар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, муовини раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дар назар аст

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин Ҳамрохон Зарифӣ бо муовинони Раиси Девони Вазирон Боймурод Хоҷамуҳаммедов (соҳаи нафту газ), Шагулиев Назаргулӣ (нақлиёт ва алоқа), Дерягелди Оразов (энергетика ва сохтмон) ва Оразмурод Гурбанназаров (савдо ва саноати сабук) низ гуфтушунид анҷом хоҳад дод.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related